Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар гузориши RSF дар зинаи 115-ӯм қарор гирифт


Гурӯҳи Гузоришгарони Бидуни Марз ё RSF марказаш дар Пориси Фаронса гузориши солонаи худро дар бораи озодии матбуот ба табъ расондааст. Ба ин гузориш 178 кишвари ҷаҳон дохил шудаанд ва он аз моҳи сентябри соли 2009 то моҳи сентябри соли 2010-ро дар бар мегирад. Тоҷикистон дар миёни ин кишварҳо дар зинаи 115-ӯм қарор гирифтааст ва аз Украинаву Русия ва Беларусу Қирғизистон, Қазоқистону Узбакистон ва Туркманистону Озарбойҷон дар сафи пеш қарор дорад. Масалан, Русия дар зинаи 140 ва Узбакистон дар зинаи 163 қарор доранд. Вале бо назардошти бастани баъзе сомонаҳои интернетӣ ва маҳҳдудият дар чопи баъзе нашрияҳои мустақил баъд аз моҳи сентябр имкон дорад соли оянда Тоҷикистон ба зинаҳои поинтар равад.
XS
SM
MD
LG