Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз аз натиҷаҳои интихоботи Қирғизистон


Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар Бишкек эътирози садҳо нафар аз натиҷаи интихоботи ахири парлумонии Қирғизистон, ки бо пирӯзии ҳизби ҷонибдори раиси ҷумҳурии барканоршуда Қурмонбек Боқиев анҷомид, идома дорад. Ҳудудан 700 нафар ҷонибдорони ҳизбҳои мухолифин бо талаби бозбинӣ шудани натиҷаҳои раъйпурсии рӯзи 10 октябр дар баробари сохтмони ҳукумати Қирғизистон ҳамоиш мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки бисёр сиёсатмадороне, ки аз Боқиев тарафдорӣ мекарданд, ба парлумон роҳ ёфтанд.
XS
SM
MD
LG