Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Искандаров дубора баррасӣ намешавад


Рӯзи ҷумъа Нусратулло Абдуллоев-раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки парвандаи Муҳаммадрӯзи Искандаров-раҳбари собиқи "Тоҷикгаз" ва раҳбари Ҳизби Демократи Тоҷикистон дубора баррасӣ нахоҳад шуд. Моҳи сентябри соли ҷорӣ Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар дар Страссбурги Фаронса даъвои Искандаровро баррасӣ кард ва табқи тасмими ин додгоҳ ҷониби Русия бояд ба Искандаров 30 000 евро барои зарари маънавӣ ҷуброн диҳад. Соли 2005 Искандаров изҳор дошта буд, ки бо кӯмаки кормандони интизомии Русия вайро аз Русия рабуда буданд. Вайро додгоҳи Тоҷикистон 23 сол зиндонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG