Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз Тоҷикистон барои фишор ба мабтуоти мустақил


Созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии баён ончиро, ки фишор ба матбуоти мустақил дар Тоҷикистон хонданд маҳкум карданд. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон қароргоҳаш дар Ню Йорк ва созмони Гузоришгарони бидуни марз дар Порис, бо ибрози нигаронӣ аз интишор нашудани ҳафтаномаҳои Пайкон ва Фараҷ, аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, фишор ба расонаҳои мустақилро хотима диҳад. Музаффар Сулаймонов, намояндаи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфт: "“Созмони мо аз рӯйдодҳое, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон дар пасманзари низоъе, ки дар шарқи ин кишвар мегузарад, яъне аз он мавҷи интиқодҳову фишорҳо болои матбуоти озод амиқан ба хашм омадааст. Ҳукумат бояд дарк кунад, ки расонаҳои мустақил дар тарафи онҳо истодаанд, журналист ҳақ дорад, ки савол диҳад ва ҳукуматро барои амалкардаш танқид кунад”. Тайи ду ҳафтаи ахир рӯзномаҳои “Пайкон” ва “Фараҷ” нашр нашуданд ва дастрасӣ ба чанде аз хабаргузориҳои интернетӣ дар Тоҷикистон низ номумкин шудааст.
XS
SM
MD
LG