Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиниера: Наҷоти кӯҳканҳо Чилиро муттаҳид сохт


Наҷоти ҳамаи 33 кӯҳкан аз асорати беш аз думоҳа дар зери замин боиси шавқу шӯр ва тантанаҳо дар сартосари Чилӣ гардид. Себастян Пиниера, раисиҷумҳури Чилӣ наҷоти кӯҳканҳоро “мӯъҷизае” номид, ки ҳама мардуми кишварро муттаҳид кард: "Ман мехоҳам бигӯям, ки мо инро бо шеваи худ анҷом додем. Ва ин маънои онро дорад, ки ин роҳ бо ягонагӣ, бо садоқат ва бо умед – роҳи дуруст аст. Ман мехоҳам ба одамони зиёде арзи сипос кунам – ба 33 кӯҳкане, ки ба мо сабақи вафодорӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагиро омӯхтанд".
Амалиёти наҷоти кӯҳканҳо камтар аз 24 соат идома кард. Онҳо тавассути қафаси махсус жарфои тақрибан 700 метриро тарк намуданд.
Кӯҳканҳо баъд аз садама дар кони маъдан, ки рӯзи 5 август рӯх дод, зери замин монданд ва фақат баъд аз 17 рӯз тавонистанд аз зинда мондани худ паём диҳанд.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, вазъи ҳамаи кӯҳканҳои наҷотёфта хуб аст ва фақат чанд нафарашон ба табобат ниёз доранду халос.
XS
SM
MD
LG