Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 низомии НАТО дар ҷануби Афғонистон


Имрӯз дар ду ҳодиса дар ҷануби Афғонистон 6 низомии нерӯҳои байнулмилалӣ ба ҳалокат расиданд. Бар пояи иттилоъи ҳайати фармондеҳии НАТО, чаҳор сарбоз бар асари таркиши мина ва ду нафари дигар бар асари ҳамлаи ошӯбгарон кушта шудаанд. Аз аввали моҳи равон нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ 34 сарбози худро талаф додааст.
Дар ҳамин ҳол имрӯз мақомоти Афғонистон мушаххас намуданд, ки шоми сешанбе бар асари суқути ҳавопаймои боркаш дар канори шаҳри Кобул 8 сарнишин – шаҳрвандони Филиппин, Ҳиндустон ва Кения ҷон бохтаанд. Раиси фурудгоҳи шаҳри Кобул Ёқуб Расулӣ гуфт, ки ҳавопаймо барои яке аз пойгоҳҳои низомии нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон бор мебурд. Тафтиши сабабҳои рӯх додани ҳодиса идома дорад.
XS
SM
MD
LG