Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИ: Протоколҳои интихоботӣ тафтиш хоҳанд шуд


Комиссиюни марказии интихоботии Қирғизистон (КМИ) барои тафтиши дубораи протоколҳои натоиҷи раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи 10 октябр розӣ шуд. Тафтиши ин санадҳоро чанд ҳизби сиёсии кишвар тақозо карда буданд. Ба гуфтаи раиси КМИ Оқилбек Сариев, тафтиши дубора баъд аз расидани ҳама протоколҳои интихоботӣ ба Бишкек мумкин хоҳад шуд. Алҳол КМИ фақат протокол аз шаҳри Ӯшро зери даст дорад.
Аз ин пеш сарони чанд ҳизби ноком дар интихобот эълом доштанд, ки агар мақомот қонуншиканиҳо дар ҷараёни раъйдиҳиро тафтиш накунанд, онҳо конгресси умумимиллӣ таъсис ва ҳамоишҳои эътирозӣ доир хоҳанд кард. Рӯзи сешанбе намоишҳои эътирозӣ дар шаҳрҳои Ӯш ва Бишкек баргузор шуданд.
Панҷ ҳизби пирӯз дар интихоботи парлумонӣ - “Ота-Ҷурт”, Сотсиал-демократӣ, “Оруномус”, “Республика” ва “Ота-Макон” алҳол дар мавриди таъсиси эътилоф машваратҳо мегузаронанд.
XS
SM
MD
LG