Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафъи паёмадҳои фоҷиаи муҳитизистӣ дар Маҷористон


Коршиносони Иттиҳодияи Аврупо ба рафъи паёмадҳои ихроҷи маводи заҳрогин бар асари тахриби як чоҳи корхонаи гилхок дар ғарби Маҷористон шурӯъ карданд. Гуфта мешавад, ки онҳо ҳам ба эҳёи манотиқи аз ин офат зарардида ва ҳам ба арзёбии таҳдидҳои эҳтимолӣ машғул хоҳанд шуд. Дар ҳамин ҳол сокинони маҳаллӣ аз паёмадҳои мусибатбори фоҷиа ҳарф мезананд. Ено Ҳелфер, яке аз сокинони шаҳри Девечер мегӯяд, "ҳама чиз бад аст, хело бад. Ҳарду пои писари ман сӯхтааст. Бояд фардо ӯро ҷарроҳӣ кунанд. Вазъи ман воқеъан ҳам бад аст. Ман ҳама чизеро, ки барои он як умр кор карам, аз даст додам. Ва касе ба мо мушаххасан намегӯяд, ки ҳоли мо чӣ хоҳад шуд. Ҳатто тасвир кардани вазъи мо ғайримумкин аст".
Бар асари ихроҷи маводи заҳрогин аз чоҳи тахрибшудаи корхонаи гилхок ҳафт нафар ба ҳалокат расида, 150 нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG