Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон марзашро барои НАТО дубора боз кард


Мақомоти гумрукии Покистон имрӯз гузаргоҳи марзиро барои убури корвонҳои икмолотии НАТО дубора боз карданд. Аввалин мошинҳои ҳомили бор барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон нимирӯзии якшанбе аз посгоҳи Турхам гузашт. Покистон марзро барои ин мошинҳо сар аз 30-юми сентябр ба нишони эътироз аз зарбаҳои ҳавоии НАТО дар қаламраваш баста буд. Гуфта мешавад, дар ин байн садҳо мошин дар ин ҷо ҷамъ шуд, ки интизори убур ба Афғонистонанд. Даҳҳо мошини НАТО дар ин байн аз тарафи ситезаҷӯён сӯзонда шуд.
XS
SM
MD
LG