Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ба навори куштор расидагӣ мекунад


Фармондеҳи артиши Покистон дастур додааст, ба навори видеоие расидагӣ сурат бигирад, ки дар он марде дар либоси сарбозии Покистон ба сӯи боздоштшудагони даступо ва чашмбаста тир меандозад. Ду наворе, ки дар сафҳаи интернетӣ гузошта шудааст, эҳтимолан аз водии Свот аст, аз минтақае, ки артиши Покистон дар он ҷо бар зидди шӯришиёни Толибон дар соли 2009 амалиёти низомӣ анҷом дода буд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар артишро муттаҳам кардаанд, ки дар ҷараёни ин амалиёт бидуни ҳукми додгоҳ даст ба кушторҳои худсарона задааст.
XS
SM
MD
LG