Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узрхоҳии Амрико аз Покистон


ИМА аз Покистон барои ҳамлаи чархболе узрхоҳӣ кард, ки дасти кам ду сарбози артиши ин кишварро дар наздикии марз бо Афғонистон кушта бар ҷой гузошт. Сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон Абдулбасит зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Исломобод имрӯз гуфт:

“Таҳқиқи муштарак аллакай анҷом шуд. ISAF иштибоҳи худро дарк ва эътироф кард ва аз ҳодисаи фоҷеабори рӯзи 30 сентябр рухдода аз номи мардуми Амрико узрхоҳӣ кард”.

Номаи узрхоҳӣ аз номи сафири Амрико дар Исломобод Энн Петерсон дар ҳоле нашр шуд, ки ҷангиёни шӯришӣ ҳамоно ба мошинҳои ҳомили муҳимоти низомиву сӯзишворӣ, ки аз Покистон ба Афғонистон ҳаракат мекунанд, ҳамлаҳо анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG