Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷеаи экологии Маҷористон


Мақомоти Маҷористон мегӯянд, ки доғи сурхи заҳрогине, ки боиси кушта шудани чаҳор нафар шудааст, ҳоло ба дарёи Дунай расида хатари заҳролудсозии муҳити зисти ин минтақаро бештар мекунад. Як мақоми мубориза бо офатҳои табиӣ гуфт, ки доғи сурх аллакай дар масофаи 10 километр амиқтар дар масири рӯдхонаи Дунай ҳаракат кардааст. Мавҷи калони заҳролуд рӯзи душанбе тасодуфан аз захирагоҳҳои корхонаи алюминиуми Айка, воқеъ дар 160-километрии Будапешт берун шуд. Ҳоло мақомот мегӯянд, ки ҳангоми ба обҳои Дунай ворид шудани доғи заҳрогин мизони хатари он чандон баланд набудааст.
Нахуствазир Виктор Орбан зимни суханронии имрӯзааш дар маҳалли вуқӯи ҳодиса гуфт, паёмадҳои рахнашавии заҳр метавонад хеле ҷиддӣ бошад:

“Ман фикр мекунам, ки ин як фоҷеаи азими экологӣ аст. Ҳарчанд мо ҳоло ҳаҷми онро намедонем. Аммо ба хотири он ки ба дарё ворид шудааст, ҷиддӣ ва бузург аст ва ба масофаи даҳҳо километр аз ин ҷо таъсир карда метавонад”.

Мутахассисон ҳарос доранд, ки рахнашавии доғи заҳролуд боиси сар задани як фоҷеаи азими муҳитзистӣ дар манотиқи фаротари Аврупо хоҳад шуд. Рӯдхонаи тӯлонитарини Аврупо - Дунай ҷанубтар аз Маҷористон аз қаламрави Хорватия, Сербистон, Руминия, Булғористон, Украина ва Молдова убур карда ба обҳои баҳри Сиёҳ ҷорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG