Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни низоъи қавмӣ афзоиш ёфтааст


Теъдоди қурбониёни задухӯрдҳои қавмӣ, ки моҳи июн миёни ӯзбакҳову қирғизҳо дар ҷануби Қирғизистон ба вуқӯъ пайваста буд, ба 403 нафар расид. Ба иттилоъи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзҳои ахир чанд нафари дигар бар асари ҷароҳатҳои тақрибан чаҳор моҳ пеш бардошта аз олам даргузаштанд.
Додситонии кулии Қирғизистон ахиран эълом дошт, ки бар асари бархӯрдҳои қавмӣ дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод беш аз 2500 нафар ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла, 1615 нафар аз тири силоҳ маҷрӯҳ шудаанд. Бештари кушташудагон ҷавонмардҳои аз 20 то 30-солаанд. Айни ҳол 72 ҷасад дар сардхонаҳои шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод шинохта нашудааст.
XS
SM
MD
LG