Сарони Иттиҳоди Аврупо, интизор меравад, ба сарвазири Чин Вен Ҷябао фишор хоҳанд овард, то Чин арзиши юанро ба суръати бештар боло барад. Онҳо ва ҳамчунин сарони Иёлоти Муттаҳида Чинро дар ҳифзи қурби сунъии пули миллияш ба хотири экпорти арзон интиқод мекунанд. Раҳбари вазирони молияи минтақаи пули евро, Жан-Клод Юнкер гуфт, Иттиҳоди Аврупо аз тасмими Чин дар бобати тағйири ин сиёсаташ истиқбол мекунад, аммо нигарон аст, ки қурби юан ҳамоно поёнтар аз арзиши аслияш боқӣ мемонад. Сарвазири Чин барои ширкат дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва Осиё ба Бруссел сафар кардааст.