Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 140 кг маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон


Дар натиҷаи амалиёти вижа дар минтақаи марбут ба Шӯрободи марзи Тоҷикистону Афғонистон ду қочоқбари афғон кушта шуда, миқдоре силоҳу муҳимот ва наздик ба 140 килограм маводи мухаддир мусодира гаштааст. Сухангӯи раёсати марзбонӣ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Хушнуд Раҳматуллоев ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ як талоши дастаи 10-нафарӣ барои убур аз марз хунсо гардид. Бо шуруи даргирӣ қочоқбарон ба қаламрави Афғонистон бозгаштаанд. Дар ин воқеа яке аз қочоқбарон кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG