Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари "Яблоко" боздошт ва сипас раҳо шуд


Сергей Митрохин-раҳбари ҳизби Яблокои Русия дар Қафқози Шимолӣ як ҷо бо чанд тан аз фаъолони муҳити зист дар ҷараёни як тазоҳуроти эътирозӣ боздошт шуданд. Сергей Митрохин ба радиои Озодӣ гуфт, ин боздошт дар берун аз шаҳри Сочӣ дар роҳи автомобилрави наздикии Адлер-Красная Поляна сурат гирифтааст. Ин роҳ барои бозиҳои зимистонаи Олимпии соли 2014 бунёд мешавад. Боздоштшудагонро баъдтар раҳо карданд. Онҳо бар зидди сохтмони роҳ аз тариқи ҷангал даст ба эътироз зада буданд.
XS
SM
MD
LG