Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захираҳои нафти Ироқ бештар аз арзёбиҳои қаблӣ будааст


Ҳусейн Шаҳристонӣ, вазири нафти Ироқ эълом кард, ки захираҳои истихроҷшудании нафт дар кишвараш бештар аз 143 миллиард бӯшка будааст, ки назар ба арзёбиҳои пештара зиёдтар аст. Қаблан захираҳои собитшудаи нафти Ироқро 115 миллиард бӯшка мегуфтанд. Ҳусе йн Шаҳристонӣ дар нишасти хабарие имрӯз дар Бағдод гуфт, омори нав бо кӯмаки ширкатҳои байналмилалии нафтӣ ба даст омадааст, ки дар 12 майдони нафт дар Ироқ кор мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, 71 дар сади захираҳои нафт, дар ҷануб, 20 дар сад дар шимол ва 9 дар сади он дар манотиқи марказии Ироқ будааст.
XS
SM
MD
LG