Дар интихоботи шӯрои сеузвии раёсати ҷумҳурии Босния ва Ҳерсеговина, Боқир Иззатбекович, сиёсатмадори мӯътадили мусулмон ғолибан узви мусулмони шӯро хоҳад шуд. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотии интихобот, Боқир Иззатбекович, дар интихоботи рӯзи якшанбе 34 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва Ҳарис Силаҷич, раиси ҷумҳури феълиро ақиб гузоштааст. Зелко Комсич, узви хорвати шӯрои раёсати ҷумҳурии Босния ва Ҳерсеговина, ки тарафдори кишвари воҳиди сермиллат аст, зоҳиран мақомашро нигаҳ хоҳад дошт. Намояндаи сербҳо дар шӯрои раёсати ҷумҳурӣ, ки тарафдори ҷудо шудани сербҳо аз ин ҷумҳурист, дар интихобот пешсаф аст. Интихоботи шашуми Босния ва Ҳерсеговина аз замони ҷангҳои хунини солҳои 1992-1995, ҳамчун имтиҳоне барои кишвар дар роҳи расидан ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО хонда мешавад.