Ҳиндустон мегӯяд, ба хотири таъмини амнияти оғози мусобиқоти Бозиҳои муштаракулманофеъ дар Деҳлии нав даҳҳо ҳазор нирӯи изофии амниятиро басиҷ кардааст. Ҳинд барои бори аввал мизбонии ин Бозиҳоро бар ӯҳда мегирад. Бозиҳои муштаракулманофеъ мусобиқоти варзишкорон аз тақрибан 70 кишвари дар гузашта аксаран мустамликаи Бритониёст. Ин дар ҳолест, ки як идда аз варишкорони маъруф, бо шумули спринтер Усайн Болт аз Ямайка ба далели омодагии нокофии Ҳинд дар таҳияи ин Бозиҳо аз ширкат дар мусобиқоти Деҳлии нав даст кашиданд. Имрӯз, қарор аст, дар расми ифтитоҳи ин Бозиҳо шоҳзодаи Бритониё Чарлз низ ширкат кунад.