Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди эълонношудаи Гиллард аз Афғонистон


Сарвазири Австралия Ҷулия Гиллард бо як сафари аз қабл эълонношуда аз Афғонистон дидан кард. Хонум Гиллард бо раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай мулоқот карда, ҷиҳати идомаи пуштибонии Австралия аз маъмурияти таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон ваъда супурдааст. Ӯ дар Кобул дар мулоқот бо фармондеҳи нирӯҳои Амрикову НАТО генерал Девид Петреус ҳамчунин барномаи таҳвили масъулияти таъмини амният ба нирӯҳои худи Афғонистонро баҳс кардааст. Зимни ин нахустин сафараш ба хориҷаи дур Ҷулия Гиллард аз мақари нирӯҳои Австралия дар вилояти Урузгон, дар ҷануби Афғонистон низ дидан кард.
XS
SM
MD
LG