Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: "Ҳукми Искандаров ҳанӯз ниҳоӣ нест"


Маскав мегӯяд, ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар мавриди нақзи ҳуқуқи сиёсатмадори мухолифи тоҷик Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳукми ниҳоӣ нест. Андрей Нестеренко, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия гуфт, аз нигоҳи қонунҳои мурофиа, агар аз он шикояте нашавад, ин ҳукм баъд аз 3 моҳ ба ҳукми иҷро медарояд. Нестеренко гуфт, феълан додситонии кулли Русия ҳукми содиршуда дар қиболи парвандаи Искандаровро ба омӯзиш гирифтааст.
Додгоҳи Страссбург ҳафтае қабл истирдоди Искандаров ба Тоҷикистонро ғайриқонунӣ дарёфта, давлати Русияро ба фоидаи ӯ 33 000 евро ҷарима баст.
Русия дархости истирдоди раҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро дар моҳи апрели соли 2005 дар пайи 4 моҳи боздошти ӯ радд кард, вале баъди чанд рӯзи раҳоии ӯ мақомоти Душанбе хабар доданд, ки Искандаров дар Душанбе таҳти боздошт қарор дорад. Искандаров ҳамон сол ба 23 соли зиндон маҳкум шуд, вале шеваи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон то ҳол мармуз боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG