Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯҳбаландӣ"-и Амрико аз пешрафти сиёсӣ дар Ироқ


Амрико гуфт, аз гомҳое, ки раҳбарони сиёсии Ироқ зоҳиран ба сӯи ташкили ҳукумати эътилофӣ мегузоранд, “рӯҳбаланд” шудааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ гуфт, Вошингтон дар мақоми раҳбарии ҳукумати нав дар Бағдод кадом номзади умдае надорад: “Дар низоми парлумоние, ки чанд эътилоф ҳимояти қобили мулоҳизаимардумро ба даст оварда, вале ҳеҷ кадоми онҳо дар танҳоӣ ба ташкили ҳукумат қодир нест, шумо ба гузаштҳои сиёсие зарурат доред, ки акнун мушоҳида мешавад.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эътилофи миллӣ, як ташаккули умдаи шиъаҳои ироқӣ аз номзадии сарвазири кунунӣ Нурӣ Моликӣ ба раҳбарии кобинаи оянда пуштибонӣ кард. Ҳимояти ин эътилоф дар пайи ба номзадии Моликӣ гароидани Муқтадо Садр, як рӯҳонии пурнуфузи зиддиамрикоӣ муяссар шудааст.
Аммо Моликӣ то ҳол ҳимояти аксарияти аъзои парлумонро дар даст надорад. Дар интихоботи моҳи март орои бештарро эътилофи сарвазири собиқ Иёд Аллавӣ, ки аз ҷониби сунниҳо низ ҳимоят мешуд, ба даст овард.
XS
SM
MD
LG