Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Мушарраф ҳизби сиёсӣ таъсис дод


Парвиз Мушарраф, раҳбари собиқи низомии Покистон имрӯз аз таъсиси ҳизби сиёсии худ хабар дод. Ӯ ки дар шаҳри Ландан ба сар мебарад, Лигаи саросарии мусулмонони Покистонро таъсис додааст. Ӯ гуфт:" Ман тасмим гирифтам, ки ба сиёсат ворид шавам. Ман аз он хотир ба сиёсат ворид шудам, ки сиёсатҳои феълӣ дар Покистон ҳеҷ нишонаи рӯшноӣ дар торикии ҳоким дар Покистонро нишон намедиҳад. Ман метавонам, ин рӯшноиро биёрам." Раиси ҷумҳури собиқи Покистон мегӯяд, қасд дорад, барои ширкат дар интихоботи ояндаи соли 2013 ба ҳайси сиёсатмадори маъмулӣ ба кишшвар баргардад. Аввали ҳамин ҳафта Парвиз Мушарраф ҳушдор дод, ки ҳукумати мунтахаби ғайринизомии Покистон ба хатари табадуллот рӯ ба рӯст. Парвиз Мушарраф соли 1990 дар як табаддулоти низомӣ ва бехунрезӣ ба қудрат расид ва соли 2008 баъди мухолифатҳои зиёди сиёсатмадорон ва омма аз мақомаш истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG