Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин музокироти низомии Кореяҳои Шимоливу Ҷанубӣ


Мақомоти низомии Кореяҳои Шимоливу Ҷанубӣ бори аввал дар ду соли ахир бо ҳам музокирот карданд. Гуфтушуниди ҳайатҳои низомии ду кишвар имрӯз дар деҳаи Панмунҷом, воқеъ дар минтақаи ғайринизомии марзи ду кишвар, баргузор шуд. Дар бораи он ки дар ин гуфтушунид кадом мавзӯъҳо баҳсу баррасӣ шуданд, алҳол иттилоъе рӯи даст нест.
Муносибати миёни ду кишвар моҳи марти соли равон баъди он ба сардӣ гароид, ки як киштии низомии Кореяи ҷанубӣ ғарқ шуд ва бар асари он 46 маллоҳ ба ҳалокат расиданд. Сеул ва Вошингтон дар ин ҳодиса Пхенянро айбдор намуданд ва аммо мақомоти Кореяи Шимолӣ даст доштанашон дар ин ҳамларо қатъӣ рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG