Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи шадид дар соҳилҳои шарқии Индонезӣ


Дар соҳилҳои шарқии Индонезӣ заминларзаи шадид ба вуқӯъ пайваст. Дар бораи осебдидагон ва харобиҳо бар асари ин офати табиӣ алҳол иттилоъе нарасидааст. Ба пояи гузориши Хадамоти геологии ИМА, заминҷунбии баробар ба 7, 2 дараҷаи Рихтер дар манотиқи дурдаст ва камаҳолии вилояти Папуа ба қайд гирифта шудааст. Мақомоти маҳаллии шаҳри Туал дар ҷазираи Малуку гуфтаанд, ки сокинони ин шаҳр низ заминларзаро эҳсос кардаанд. Маркази заминларза дар жарфои 20 километр дар қаъри баҳр ҷойгир буд.
XS
SM
MD
LG