Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиби волии Ғазнӣ кушта шуд


Имрӯз бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Ғазнӣ, дар шарқи Афғонистон ноиби волии Ғазнӣ ва 5 тани дигар кушта шуданд. Раҳбари пулис Заровар Зоҳид гуфт, бомбгузори маргталаб савори мотосикл ду мошини ҳомили ноиби волии Ғазнӣ Муҳаммадкозим Оллоҳёрро дар роҳ ба сӯи кор ҳадафи ҳамла қарор дод. Писар ва 2 муҳофизи ӯ билофосила кушта шуда, бародарзодаи Оллоҳёр ва як муҳофизи дигари ӯ баъдан дар бемористон ҷон доданд. Оллоҳёр, ки 7 сол волии Ғазнӣ буд, ду моҳ пеш аз як ҳамлаи дигар ҷон ба саломат бурда буд.
XS
SM
MD
LG