Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҷоиза барои боздошти маҳбусони фирорӣ


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом дошт, барои маълумоте, ки ба боздошти зиндониёни фирорӣ кӯмак мекунад, ҷоиза хоҳад дод. Дар изҳороти он гуфта мешавад, маблағи ҷоиза ба аҳамияти иттилоъ бастагӣ хоҳад дошт. Дар баёнияҳои қаблии хеш Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои боздошти 8 нафар аз маҳбусони гуреза аз аҳолӣ изҳори сипос кард. Гуфта мешавад, дар ҳамаи ин ҳолатҳо маълумоти мардум дар боздошти фирориён нақши асосӣ бозидааст. Фирории дигар, Раҳмиддин Азизов низ бино бар иттилои аҳолӣ шиносоӣ шуда, дар даргирие ҳангоми боздошт ба ҳалокат расидааст. Рӯзи 23-юми август гурӯҳе аз маҳбусони боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иборат аз 25 нафар фирор карданд, ки амалиёти ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.
XS
SM
MD
LG