Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон сарбозони захмиро дар бемористон аёдат кард


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз аз сарбозону афсарони нерӯҳои давлат, ки дар амалиёти Рашт захмӣ шуда, дар бемористони ҳарбӣ табобат мешаванд, аёдат кард. Вай гуфт, ҳукумат ба хонаводаи ҳарбиёне, ки дар Рашт кушта ва захмӣ шудаанд, кӯмак хоҳад кард. Дар ҳамла ба корвони мошинҳои Вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Камароб рӯзи 19-уми сентябр 28 сарбозу афсар ба ҳалокат расида, зиёда аз 10 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Сардори давлат ҳангоми дидор бо захмиён аз вазъи онҳо, таъминоти онҳо бо ғизо ва дорувор пурсид. Мақомоти давлатӣ масъулияти ҳамла ба ҳарбиёнро бар дӯши гурӯҳҳои мансуб ба фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик гузоштанд.
XS
SM
MD
LG