Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афроди ношинос дар Кунар хонуми бритониёвиро рабуданд


Дар Афғонистон бар асари таркиши майни худсохт ду низомии НАТО ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи расмӣ, ин ҳодиса рӯзи якшанбе дар ҷануби кишвар рӯх дод. Тафсилоти бештар дар бораи ҳодиса ва ҳуввияти сарбозони кушташуда алҳол дастрас нест. Бар пояии иттилоъи дигари ҳайати фармондеҳии НАТО, низомиён дар вилояти Ҳилманд сӯи ду сокини маҳаллӣ баъди он оташ кушоданд, ки онҳо савори мотосикл амри бозистодан дар постгоҳи амниятиро нодида гирифтанд. Дар ин ҳодиса ҳарду афғон кушта шуданд.
Дар вилояти Кунар бошад, як хонуми бритониёвӣ, корманди созмони хайрия, рабуда шуд. Раиси полиси вилоят гуфт, ки афроди мусаллаҳи ношинос ҳамроҳ бо ӯ се афғонро низ бо худ бурдаанд. Ҷустуҷӯи рабудашудагон идома дорад.
XS
SM
MD
LG