Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, аз сокинони шаҳракҳои яҳудинишини хостааст, “хештандорӣ” нишон диҳанд, ки масъалаи идомаи шаҳраксозиҳо барои онҳо як монеаи аслие дар роҳи музокироти сулҳ бо фаластиниён табдил шудааст. Нимашаби имрӯз мораториуми даҳмоҳаи Исроил барои шаҳраксозиҳо дар Канораи Ғарб ба поён мерасад ва раҳбарони ҷаҳон нигаронанд, ки хотимаи мораториум музокироти сулҳи Ховари Миёнаро аз роҳаш хориҷ мекунад. Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластиниён, батакрор таъкид кардааст, ки дар сурати идомаи шаҳраксозиҳо дар сарзаминҳое, ки онҳо ишғолӣ медонанд, аз музокироти сулҳ даст хоҳад кашид. Фаластиниҳо ин сарзаминҳоро бахше аз кишвари ояндаи худ медонанд. Бо вуҷуди даъвати Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико барои идома надодани шаҳраксозиҳо Исроил гуфтааст, мораториум ба поён мерасад ва имрӯз маросими бунёди хонаҳои нав дар як маҳаллаи он баргузор мешавад