Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Обама дар бораи Эрон ва сулҳи Ховари Миёна


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар Маҷмаъи умумии СММ гуфт, дари дипломатия ба рӯи Эрон боз боқӣ мемонад, вале Эрон бояд ба гуфтугӯ бар сари барномаҳои ҳастаияш пойбандии қобили эътимод нишон диҳад.
Обама гуфт, Теҳрон бояд табиати сулҳомез доштани ин барномаҳояшро ба ҷаҳон таъйид кунад. Ӯ ҳамчунин аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, аз талошҳои ҷадид ҷиҳати овардани сулҳ ба Ховари Миёна ҳимоят кунанд, ва ҳам аз Исроил хостори тамдиди мораторийи шаҳраксозиаш шуд.
XS
SM
MD
LG