Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Моҳободи Эрон 12 кушта овард


Матбуоти Эрон мегӯяд, таркиши бомб ҳангоми як гашти низомӣ ба шарафи солгарди 30-юми оғози ҷанги Эрону Ироқ дар шаҳри Моҳобод, дар шимолу ғарби Эрон, мунҷар ба ҳалокати 12 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳои дигар шуд.
Бино ба хабарҳо, аксари қурбониён занону кӯдакони тамошобини гашти низомӣ будаанд. Волии устони Озарбойҷони ғарбӣ Ваҳид Ҷалилзода ин инфиҷорро кори дасти гурӯҳҳои аксулинқилобӣ номид. Моҳобод тақрибан 190 000 ҷамъият дорад, ки аксараш курдҳо ва аз аҳли суннатанд.
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон низ бомбгузории Моҳободро маҳкум кард ва гуфт, ин ҳамла ба зарурати пойбандии ҷаҳонӣ ба набард алайҳи террор таъкид мекунад.
XS
SM
MD
LG