Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 ширкат азми аудити БМТ-ро кардаанд


Барои анҷоми аудит, ё бозрасии фаъолиятҳои имсолаи Бонки миллии Тоҷикистон(БМТ) 6 ширкат дархост додаанд. Мӯҳлати ниҳоии ироаи дархост барои ширкат дар тендер 14 сентябр муқаррар шуда буд. Бонки миллӣ аз соли 2008 бо талаби ниҳодҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Сандуқи байналмилалии пул, ба анҷоми аудиташ тавассути ширкатҳои хориҷӣ шурӯъ кард. Ду сол пеш бо талаби ниҳодҳои байналмилалӣ, Душанбе барои анҷоми бозрасии фаъолияти ширкатҳои бузургаш – “Барқи Тоҷик” ва ТАЛКО низ ризоият дод.
XS
SM
MD
LG