Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти 5+1 дар бораи барномаи ҳастаии Эрон баргузор мегардад


Намояндагони шаш қудрати ҷаҳонӣ дар қолаби гурӯҳи панҷ ба иловаи як, рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи нишасти маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк, гирдиҳам меоянд то таҳримҳо алайҳи Эрон ва дархости Теҳрон барои азсаргирии музокиротро баррасӣ кунанд.

Ин нишаст бо ҳузури кишварҳои ИМА, Русия, Фаронса, Чин, Бритониё-панҷ узви доимии шӯрои амният ҳамроҳ бо Олмон баргузор мешавад ва дар он Ҳиллари Клинтон- вазири умури хориҷаи Амрико ва ҳамтоёни вай дар ин гурӯҳ ширкат хоҳанд дошт.

Нишасти 5+1 дархости Аҳмадинажодро низ баррасӣ мекунад

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе дархости Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури исломии Эрон барои аз саргирии музокирот бо гурӯҳи панҷ ба иловаи як дар бораи барномаи ҳастаии Эрон мавриди баҳс ва баррасӣ қарор мегирад.

Оқои Аҳмадинажод дар мусоҳибаи ахири худ бо хабаргузории Ассошиатед Пресс дар ҷараёни сафар ба Ню-Йорк гуфта аст: « Миллати Эрон ҳамеша омодаи гуфтугӯ буда аст ва ҳаргоҳ ҷаласае ҳамоҳанг шуд, Эрон аз ҳузур дар ин ҷаласа ибое надорад».

Вай дар айни ҳол гуфта аст, ки гуфтугӯҳо бояд дар чаҳорчӯби қонун, адолат ва эҳтиром бошад.

Ҷумҳури исломии Эрон то кунун ба чаҳор қатъномаи таҳрими Шӯрои Амният рубарӯ шудааст ва ҳамзамон бархе аз кишварҳо аз ҷумла Амрико, Австралия, Кореаи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Канада низ таҳримҳо якҷонибаеро алайҳи Теҳрон эъмол кардааст.

Амрико аз Теҳрон хоста аст то ба сари мизи музокира боз гардад.

Филип Кровлей, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе эълом кард Амрико ҳамчунон хоҳони « таъомули созанда бо Эрон» аст.
Кровлей афзуд, ИМ умедвор аст, ки эрониён пешқадам шуда ва нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар мавриди моҳияти барномаи ҳастаиашон бартараф кунанд.

Ғарб аз барномаи ҳастаии Эрон нигарон аст

Охирин бор намояндагони панҷ ба иловаи як, дар октябри сол 2009 бо тарафи эронӣ дидор ва дар он нишаст тавофуқ шуд то Эрон уронюми камғанишудаи худро барои табдил ба сӯхти 20 дарсади мавриди ниёзи реакторҳои таҳқиқотии Теҳрон, ба хориҷ ирсол кунанд.

Аммо Эрон, ки дар ибтидо мувофиқати зимнии худро бо ин пешниҳод эълом карда буд, дар моҳҳои баъд шароити тозае аз ҷумла мубодилаи ҳамзамони сӯхт дар хоки ин кишварро матраҳ кард, ки аз сӯи Амрико ва муттаҳидон рад шуд.

Эрон дар моҳи апрел, баёнияе бо ҳузури раиси ҷумҳури Бразилия ва нахуствазири Туркия танзим кард, ки дар он мувофиқат кард то уранюми бо ғинои поини худро ба Туркия ирсол ва сипас бо сӯхти атомии 20 дарсади мубодила кунад.

Аммо ба рағми интишори ин баёния, Шӯрои Амнияти СММ дар 9-уми июн қатъномаи 1929 -ро ба ҳадафи ташдиди таҳримҳои Эрон тасвиб кард ва аз Теҳрон хост то фаъолиятҳои марбут ба ғанисозии уранюмро мутаваққиф кунад.

Эрон ин қатъномаро рад карда ва мегӯяд, ки барои таъмини сӯхти мавриди ниёзи реактор, Теҳрон ғанисозии 20 дарсадиро оғоз карда аст. Ғарб нигарони фаъолиятҳои эҳтимолии низомӣ-атомии Эрон аст, вале ҷумҳурии исломӣ мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи сулҳомез дорад.
XS
SM
MD
LG