Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Ҳазора имрӯз натиҷагирӣ мешавад


Имрӯз дар Ню-Йорк нишасти СММ оид ба фақру нодорӣ хотима меёбад. Дар ин ҷаласаи муҳим 140 раҳбари ҷаҳон барои баррасии пешравиҳову камбудиҳои барномаи Рушди Ҳазора дар даҳ соли охир гирди ҳам омаданд. Имрӯз дар ин нишаст бояд раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ва нахуствазири Чин Вен Ҷиабао суханронӣ кунанд. Дирӯз садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки кишварҳо бояд талош кунанд мустақилона мушкилоти худро ҳал карда аз кӯмаки дигарҳо вобаста нашаванд. Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки капитализм дар ҳоли нобудшавӣ қарор дорад ва ҳоло ҷаҳон ба як низоми нави иқтисодӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG