Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 сарбози НАТО дар ҷануби Афғонистон


Бар асари суқути чархбол дар ҷануби Афғонистон 9 сарбози НАТО кушта шуданд. Дар ин сониҳа 1 сарбози дигари НАТО ва як сарбози афғону як амрикоии мулкӣ ҳам ҷароҳат бардоштаанд. Сухангӯи Толибон Қориюсуф Аҳмадӣ аммо даъво кардааст, ки чирикиҳо ин чархболро суқут додаанд. Ӯ кушташудагонро “беш аз 10 аскари хориҷӣ” баршумурдааст.
Паймони НАТО гуфт, сабабҳои суқути чархболро таҳти таҳқиқ қарор дорад, вале дар бораи кадом оташи душман дар ин минтақа гузориш нашудааст. Бино ба оморҳо, имсол дар Афғонистон 529 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG