Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти се вазири Аврупо дар пайванд бо Молдова


Вазирони Бритониё, Олмон ва Руминия гуфтанд, ояндаи Молдоваро дар Аврупо мебинанд ва аз Русия хостанд, дар ҳалли низоъ бо минтақаи ҷудоихоҳи Соҳили Днестр кӯмак кунад. Вазири Руминия барои Аврупо, Богдан Ореску, ҳамтои бритониёии ӯ, Дейвид Лидингтон ва вазири Олмон дар умури Аврупо, Велмер Ҳойер, дар ин бора пас аз мулоқот дар Бухорест изҳороит нашр карданд. Лидингтон ва Ҳойер изҳори умедворӣ карданд, ки нишасти сарони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар моҳи декабр дар Қазоқистон бе пешрафте дар ҳалли масъалаи минтақаи Соҳили Днестр ва ҳузури ҳарбии Русия дар он мусоидат хоҳад кард. Нерӯҳои Русия бо вуҷуди ваъдаи Маскав то ҳанӯз аз Молдова берун нашудаанд.
XS
SM
MD
LG