Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумориши оро дар интихоботи порлумонии Афғонистон


Мақомоти ҳавзаҳои интихоботии Афғонистон ба шумориши раъйҳо дар интихоботи порлумонии рӯзи шанбе оғоз карданд ва мегӯянд, шикоятҳо аз тақаллуб бар пояе нестанд, ки натиҷаҳои раъйдиҳиро зери суол баранд. Созмони Милали Муттаҳид, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо аз афғонҳо барои ширкаташон дар интихоботи порлумонӣ бо вуҷуди таҳдидҳои толибон ба баҳам задани он, ситоиш карданд. Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун раъйдиҳандагони Афғонистонро табрик гуфт ва ба "ҷасорату қатъияти онҳо" арҷ гузошт. Чунин нукот дар табрикномаи Иттиҳоди Аврупо низ ҷой дорад. Бино бар хабарҳо, наздик ба 40 дарсади соҳибони ҳаққи раъй дар интихоботи порлумонии рӯзи шанбе ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG