Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум гуфт, аз бачабозии роҳибон "амиқан шармсор" аст


Попи Рум, Бенедикт гуфт, аз суистифодаи ҷинсии кӯдакон дар калисои католикӣ амиқан шармсор аст ва ин падидаро ғайри қобили сӯҳбат мешуморад. Дар намози ид дар ибодатгоҳи Вестминстер попи 83-сола изҳори умедворӣ кард, ки калисои романию католикӣ битавонад худро аз ин бадкории роҳибонаш пок созад ва нақши қудсии хешро дар тарбияи насли ҷавон эҳё кунад. Изҳороти Бенедикт дар ҳоле садо дод, ҳазорон нафар бо эътироз аз моҷароҳои ҷинсӣ дар калисо, мавзеъгириии калисо дар баробари сақти ҷанин ё фигона, ҳуқуқи ҳамҷинсбозон ва роҳибони зан дар маркази Лондон гирдиҳамоӣ созмон додаанд.
XS
SM
MD
LG