Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 нафар дар рӯзи интихоботи Афғонистон


Дар ҳоле ки дар Афғонистон интихоботи порлумонӣ идома дорад, аз ҳалокати 10 нафар дар ҷараёни он хабар мерасад. Шаш корманди амниятии Афғонистон дар вилояти шимолии Бағлон дар рафти ҳамлаи толибон ба онҳо кушта шудаанд. Ҳамчунин аз даргириҳои марговар дар вилоятҳои шарқии Кунару Нангарҳор ва ҳам Тахор дар шимоли кишвар хабар мерасад. ҳамзамон бо хушунатҳо ва аввалин гузоришҳо аз тақаллубу хилофкорӣ ҷараён дорад. Хабаргузориҳо мегӯянд, дар як ҳамлаи мушакӣ дар вилояти шарқии Нангарҳор ду нафар кушта ва як тан захмӣ шудааст. Чунин ҳамлаҳо дар Кобул, Қандаҳор, вилоятҳои Бадахшон, Ғазнӣ ва Ҳирот низ ба вуқӯъ пайвастаанд. бо ҳарос аз ташаннуҷи авзоъ наздик ба 1000 ҳавзаи интихоботӣ дар кишвар баста боқӣ монданд.
XS
SM
MD
LG