Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди манозил барои осебдидагони Кӯлоб анҷом меёбад


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ рӯзи ҷумъа ба 11 хонаводаи аз селхезиҳои моҳи май осебдида калиди хонаҳои навро супурд. Бунёди ин 11 манзилро вазорати хориҷа таъмини молӣ кардааст.
Сармеъмори Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов ба хабаргузории “Авасто” гуфт, ахиран эҳдоси 10 манзил, ки салтанати Қатар дар шаҳраки маъруф бо номи “арабӣ” ба поён расид. Дар ин шаҳрак бо кӯмаки кишварҳои арабӣ барои осебдидагон дар маҷмӯъ 50 манзил сохта мешавад.
Оқои Ҳасанов гуфт, то имрӯз барои осебдидагони селхезии Кӯлоб 616 манзил бунёд шуда, эъмори 81 манзили боқимонда дар садади анҷомёбист.
Маҷлиси шаҳри Кӯлоб ба яке аз 6 шаҳраке, ки барои осебдидагон сохта шудааст, Ваҳдатобод ном гузошта, мехоҳад ба шаҳракҳои дигар Меҳробод, Истиқлол, Зарринкӯҳ, Нурбахш ва Чаманзор ном диҳад.
XS
SM
MD
LG