Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушнудии Амрико аз пешрафт дар сулҳи Ховари Миёна


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластиниён, дар мавриди баҳси бунёди шаҳракҳои яҳудинишин ба пешрафт ноил шудаанд. Ҷорҷ Митчелл, фиристодаи хоси Амрико гуфт: Мо талошҳоямонро барои дастёбӣ ба пешрафт дар ин замина идома медиҳем ва бовар дорем, ки ба пешрафт ноил мешавем.” Ӯ гуфт, Бенямин Нетаняҳу ва Маҳмуд Аббос мувофиқат кардаанд, то музокиракунандагони ду тараф ҳафтаи оянда мулоқот кунанд. Пештар аз ин Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, раҳбарони Исроил ва Фаластиниён ба баррасии масоили калидии муноқишаи ҳарду тараф шурӯъ карданд. Фаластиниён таҳдид карданд, агар бунёди шаҳракҳои яҳудинишин муттавақиф нашавад, аз музокирот даст хоҳанд кашид.
XS
SM
MD
LG