Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи кортҳои тақаллубии интихоботӣ дар Афғонистон


Дар Афғонистон, чанд рӯз қабл аз интихоботи парлумонӣ, кортҳои тақаллубии интихобӣ ошкор карда шудаанд. Хабаргузории Франс Пресс бо такя ба гуфтаҳои раиси Комиссиюни мустақили интихоботии вилояти Ғазнӣ, воқеъ дар ҷануби кишвар, иттилоъ дод, нерӯҳои амниятӣ ҳудуди се ҳазор корти тақаллубии интихоботиро мусодира карданд, ки дар Покистон чоп шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз Стефан де Мистура, раиси дафтари СММ дар Афғонистон, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул дар робита ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ гуфт, "мо метавонем пешакӣ бигӯем, ки он олӣ нахоҳанд буд. Ва аммо бо такя ба коре, ки анҷом дода шуд ва омодагиҳое, ки мақомоти Афғонистон гирифтаанд, мо эҳсос мекунем, ки ин интихобот назар ба интихоботи қаблӣ хело ҳам беҳтар хоҳад буд".
Интихобот ба палатаи поёни парлумони Афғонистон рӯзи шанбе баргузор мешавад. Барои 249 курсии парлумон беш аз 2500 номзад аз 34 вилоят талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG