Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи раванди сулҳи Ховари Миёна дар Миср


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, имрӯз барои идома додани раванди сулҳи Ховари Миёна ба ин минтақа сафар мекунад. Вай қарор аст, рӯзи сешанбе дар Миср бо сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу ва раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос мулоқот кунад. Сипас гуфтушунид дар Байтулмуқаддас идома хоҳад кард. Ҳамчунин раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, қарор аст, ҳафтаи оянда дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню Йорк бо сарони ду ҷониб мулоқот кунад. Рӯзи ҷумъа Обама аз Нетянаҳу даъват кард, бунёди шаҳракҳоро барои муҳоҷирон дар Каронаи Бохтарӣ қатъ кунад. Сарвазири Исроил рӯзи якшанбе на ба қатъи комил, балки маҳдуд кардаи сохтмон ризоият дод.
XS
SM
MD
LG