Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматуллоев: дар задухӯрд дар марз 20 афғон кушта шуданд


Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки бар асари як даргирӣ дар қитъаи Панҷи марзи Тоҷикистону Афғонистон 20 мусаллаҳи афғон ба ҳалокат расиданд. Аз ин пеш хабаргузории маҳаллии “Азяи-плюс” дар бораи дар ин задухӯрд кушта шудани 7 афғони мусаллаҳ ва прапоршики нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Сафарбек Қурбонов иттилоъ дода буд. Марзбонҳо дар ҷойи ҳодиса теъдоди бузурги адабиёти ифротгароёнаи мазҳабиро пайдо карданд.
Ба иттилоъи расмӣ, марзбонҳои тоҷик гурӯҳи тақрибан 40-нафари афроди мусаллаҳро шаби 8 сентябр дар ҷазираҳои рӯдхонаи Панҷ ошкор карданд. Марзбонҳои тоҷик мегӯянд, ки афғонҳои мусаллаҳ аз таъқиби нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО дар ҷазираҳои рӯдхонаи Панҷ панаҳ бурдаанд. Аз ин задухӯрд мақомоти Афғонистон дар ҷараён гузошта шудаанд.
XS
SM
MD
LG