Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби қатъномаи Косово аз сӯи Маҷмаъи умумии СММ


Маҷмаъи умумии СММ тарҳи қатъномаи аз сӯи Сербистон ҳимоятшударо, ки ба гуфтугӯ миёни Белград ва Косово даъват мекунад, тасвиб кард. Музокироти таҳти пуштибонии ИА дар ин замина нахустин гуфтугӯи мустақими ин ду ҷониб аз соли 1999, аз замони аз таҳти назорати Сербистон хориҷ шудани минтақаи умдатан албанишини Косово хоҳад шуд. Қатъномаи Косово дар Маҷмаъи умумӣ бидуни раъйгирӣ тасвиб шудааст. Косово дар моҳи феврали соли 2008 расман эъломи истиқлол кард.
XS
SM
MD
LG