Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол 800 000 тоҷик дар Русия рафтааст


Константин Ромодановский, раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар мулоқот бо сарвазири ин кишвар Владимир Путин гуфт, ки имсол 5 миллион муҳоҷири хориҷӣ бо талаби кор вориди Русия шудаанд, вале аз ин шумор тақрибан 4 миллионаш бо нақзи қавонин кору зиндагӣ мекунанд.
Дар маҷмӯъ имсол 10 миллион хориҷӣ аз Русия дидан кардаанд, ки назар ба соли гузашта 30 дарсад камтар аст.
Ромодановский гуфт, дар соли 2010 бештар аз ҳама аз Украина(1,5 миллион нафар), Узбакистон(1,2 миллион) ва аз Тоҷикистон(800 000 нафар) вориди Русия шудаанд.
Муҳоҷирони корӣ як манбаъи умдаи таъмини рӯзгори хонаводаҳои Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳарсол ба ватан маблағи муодили қариб 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар, ё худ ҳудуди 2 миллиард доллар мефиристанд.
XS
SM
MD
LG