Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Ереван ба нигарониҳои Гурҷистон аз аҳдномаи ҳарбӣ


Мақомоти Арманистон ба иддаои вазири умури хориҷии Гурҷистон Григол Вачнадзе, ки қарордоди ахири ҳарбии Евреван ва Маскавро таҳдиде ба амнияти кишвари хеш донистааст, посух доданд. Онҳо ин изҳоротро "беасос ва ҳаяҷономез" унвон карданд. Маскав ва Еерван моҳи гузашта созишномаеро дар бораи тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар Арманистон то соли 2044 ба имзо расонданд. Вачнадзе гуфтааст, ягона ҳадафи пойгоҳи Русия дар Арманистон доман задани ташаннуҷ дар минтақа аст. Вай ба он банди қарордод ишора кардааст, ки ба тағйири таъиноти нерӯҳои Русия дар Арманистон иҷоза медиҳад. Русия ва Арманистон мӯҳтавои ин бандро шарҳ надодаанд.
XS
SM
MD
LG