Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии раҳбари мухолифони Украина аз тарафи полиси махфӣ


Полиси махфии Украина яке аз раҳбарони аршади мухолифонро бозпурсӣ кард. Намояндагони ин полис Олександр Турчинов, шахси дувум дар ҳизби сарвазири пешин Юлия Тимошенкоро дар дафтари ин ҳизб дар робита ба қарордоди давлатии газ баробар бюа 2 миллиарду 750 миллион доллар бозпурсӣ кардаанд. Турчинов соли 2005 раҳбари ин ҳизб ва аз декабри соли 2007 то марти соли 2010 ноиби сарвазири Украина буд. Тимошенко борҳост, президент Виктор Януковичро дар истифода аз полиси махфӣ барои фишор ба мухолифонаш айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG