Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Молдова пароканда мешавад


Миҳаӣ Гимпу, раиси ҷумҳури муваққати Молдова, гуфт, бо судури фармоне, порлумони кишварро пароканда ва интихоботи зудрас эълом хоҳад кард. Миҳай Гимпу гуфт, аз Додгоҳи қонуни асосӣ барои судури фармон ба ӯ иҷоза бидиҳад. Баёнияи раиси ҷумҳури Молдова чанд рӯз баъд аз он садо дод, ки раъйпурсии умумӣ дар мавриди интихоботи мустақими раиси ҷумҳур бинобар ширкати ками мардум бенатиҷа анҷом ёфт. Айни замон эътилофи ҳокими Молдова имрӯз гуфт, мехоҳад, интихобот то рӯзи 21 ноябр баргузор шавад. Молдова як сол боз аст, ки раиси ҷумҳур надорад, зеро мухолифати ҳизби коммунист дар порлумон нагузошт, то ҳизби ҳоким, номзади худ Мариан Липуро раиси ҷумҳур баргузинад.
XS
SM
MD
LG